Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва ҷавонони маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, дар маҳаллаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии сокинони маҳалла баргузор гардид. Дар намоиш муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ташкилоти мазкур Алишер Файзуллоев иштирок карда, ба рафти кори намоиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Аз ҷумла Фирӯзи Саидмӯъмин ҳангоми ибрози андешаҳои худ, дар хусуси аҳамияти баргузории чунин намоишҳо, ба тариқи зайл гуфтанд: Вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки маъракаи мазкур баҳри сайқал додани ҳунарҳои дастии бонувону ҳунармандоне, ки дар шароити хона истеҳсолотро ба роҳ мандаанд, такони бузурге бахшид. Аз тарафи дигар ин чорабинӣ ба эҳёи дубораи фарҳанги гузаштагонамон аз ҷониби муосирон, минҷумла ҷавонон мусоидат намуд.Мо ба ин васила метавонем то дар замири ҷавононамон муҳаббату садоқатро дар нисбати ананаҳои миллӣ беш аз пеш ҷой карда, ҷойгузинҳои ватандӯсту хештаншиносро ба камол расонем,-андешаҳои худро ҷамъбаст карда гуфтанд Ф.Саидмуъмин.
Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.