Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ба конфронс даъват кардааст, чунин менамояд, ки хилофи маромнома ва роҳи пешгирифтаи худ амал менамояд. Чаро ки баъд аз даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва бозгардонидани гурезаҳо ба ватан ин ташкилот кӯшиш ба харҷ медод, ки бо ҳукумати  вақт ҳамкорӣ намояд ва ба он саъй намояд, ки ҳар чи тезтар оромӣ ва амният ба кишвар баргардад, аммо ҳоло имконият фароҳам оварда истодааст, ки оташи фитна боз ҳам болотар қад афрозад. Чунин сиёсати духӯра наметавонад ба оромиш дар минтақа мусоидат фармояд.

 Чӣ гуна мешавад созмоне, ки рисолати меҳварияш фуруд овардани сатҳи низоъ ва муқобилият бо тероризм бошад, ғайричашмдошт терористонро садрнишини ҷаласа кардаву барояшон минбари сухангӯӣ фароҳам оварад? Ҳамин сиёсати дугунаи САҲА сабаб шудааст, ки дар якчанд кишвар фаъолияташ мавриди шубҳа қарор гирад ва дафтарҳояш баста гардад. Дастандаркорони созмони мазкур шояд гумон доранд, ки мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам дар замони рукуд зиндагӣ мекунанд ва ба суханони ширину дар асл заҳрогин мешавад онҳоро фиреб кард.

 САҲА бояд бидонад, ки мардуми сулҳдӯсти Тоҷикистон ба фаъолияти ҷудоиандози ҳизби мамнуи терористиву экстремистии наҳзати ислом нафрат доранд ва сарвари он Муҳиддин Кабириро терористи шиму костюмпӯши галстукдор меҳисобанд. Мусоидат кардан ба густариши фаъолияти онҳо мусоидат кардан ба паҳншавии тероризм аст, ки натиҷааш на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои худи Аврупо ҳам зиёновар хоҳад буд. Ин суханони мо назарияи хушку холӣ нест ва ҳақиқати онро кушта шудани гурӯҳи сайёҳон аз ҷониби зархаридони ҲНИТ барои тамоми сайёра собит менамояд.

 Ин ба ном мухолифон, ки ҳарф аз демократия ва озодӣ мезананд, аммо дар асл  душмани ҳама гуна озодии афкор ва ваҳдати халқҳо мебошанд, обрӯи набудаи худро кайҳо дар чашми миллати тоҷик рехтаанд ва дигар гумон аст, ки дар сарзамини ваҳдатободи мо эътиборе ба даст оваранд. Аз ин рӯ, ба конфронси худ даъват намудани онҳо аз ҷониби САҲА боис ба коҳиши эътибори худи ин созмон дар назди сокинони Тоҷикистон хоҳад шуд.

  Мо итимнон дорем, ки дастандаркорони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз доираи ҳадафҳои оинномавии худ берун намебароянд ва имкон фароҳам намеоранд, ки терористон барои худ пуштибон ва минбар ёбанд.

  Умедворем, ки сухани дили миллати тоҷик аз забони ҳайати намояндагони ҳукумати он, ки дар конфронси мазкур ширкат меварзанд, шунида шуда, ҳақ ба ҳақдор расонида мешавад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here