7-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр раиси шаҳр Самизода Санавбар бо кормандони бахши маориф ва маъмурияти муассисаҳои таълимии шаҳр вохӯрӣ доир намуда, камбудиҳои дар соҳа мавҷудбударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар аввал навори бо супориши раиси шаҳр омодашуда, ки аз фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимӣ ва вазъи таълиму тарбия маълумот медод, пешниҳоди иштироккунандагон гардонида шуда, аз рӯйи он фаъолияти шахсони масъули соҳа муҳокима гардид.
Таъмини иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо, риояи сару либоси ягонаи мактабӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, иштироки толибилмон дар олимпиадаҳои фаннӣ, таъмини шароити беҳтар дар толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ ва варзишгоҳҳо, ташкил намудани синфхонаҳои намунавӣ, изофанависии воҳидҳои корӣ, хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳо, тозагиву ободонии муассисаҳои соҳаи маориф ва ғайра аз масъалаҳои баррасишуда дар ин маҷлис буданд.
Дастоварҳои ками толибилмони шаҳр дар Олимпиада ва озмунҳои байналмиллалӣ аз масъалаҳое буд, ки раиси шаҳр бештар ба он рӯ оварда, инро натиҷаи кори ғайриқаноатбахши соҳаи маориф номид.
Самизода инчунин дар самти дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба ин соҳа сухан гуфта, изҳор дошт, ки бо вуҷуди мушкилии дастрасӣ ба маблағҳо дар деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» тариқи амалишавии лоиҳаи инвеститсионӣ сохтмони бинои муассисаи таълимии нав ба маблағи наздики 3 миллион сомонӣ оғоз гардида, шуруъ аз соли нав сохтмони як муассисаи таълимии дигар дар маркази шаҳр бо дастгирии ширкати «Синохайдро» шуруъ хоҳад шуд.
-Мо ба ин монанд боз якчанд лоиҳаҳои дигарро ба институтҳои молиявии хориҷӣ пешниҳод намудем, ки дар пайи амалӣ гардидани онҳо боз якчанд муассисаҳои нави таълимӣ сохта хоҳанд шуд. Аз шумо омӯзгорон танҳо умедвори содиқ будан ба касби омӯзгорӣ ва хизмати софдилона ба мардум ҳастем. Дар умум ҳадафи ҳамаи мо ҳамин аст, ки кор бояд дар соҳаи маорифи шаҳр беҳтар аз қабл гардад,- гуфт Самизода.
Дар анҷом раиси шаҳр изҳор дошт, ки сабти наворҳо ва баргузор шудани чунин ҷаласаҳо минбаъд низ ба нақша гирифта шудааст ва ҳар моҳ ин иқдом дар амал татбиқ карда шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо ба масъулон супоришҳои қатъӣ дода мешаванд. Дар сурати иҷро нашудани супоришҳо ва бартараф нагаштани камбудиҳо ҳамаи шахсони масъулро ҷавобгарии интизомӣ интизор хоҳад буд.