Шаби 14-ум ба 15-уми август дар дуконҳои яклухтфурӯшии хӯрокаи бозори марказии “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб ҳодисаи сӯхтор сар зад.Сӯхторхомӯшкунандагони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сӯхторро дар давоми 40 дақиқа хомӯш намуданд.Ба қавли масъулони сӯхторхомӯшкунии минтақаи Кӯлоб сӯхтор 60 метри муррабаро фаро гирифта, ба соҳибони дуконҳо ба қадри 17 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расонидааст.Инчунин дар хулосаи мутахассисони соҳа гуфта мешавад, ки ин сӯхтор бо нишонаҳои барқасдона рух дода, барои саҳеҳияти он кормандони ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мебаранд.