Ҳакимзода Қурбон

Аз 14 январи соли 2019 дар мансаби Раиси вилояти Хатлон кор мекунад.

Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966

Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос: агроном-олим

Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад.

Вазъи оилавӣ: оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1988- Донишҷӯи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1988-1993- Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаев, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 1993-1995- Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия», ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 1995-1996- Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», шаҳри Хуҷанд
Соли 1996

(07-09)-

Мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1996-1999- Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 1999-2002- Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2002-2004- Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2004-2006- Муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Соли 2006 (02-12)- Сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2006-2008- Муовини раиси вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд
Соли 2008 (01-03)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Солҳои 2008-2010- Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд
Соли 2010 (06-09)- Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Солҳои 2010-2013- Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон
Солҳои 2013-2018- Муовини якуми раиси вилояти Хатлон
Солҳои 2018-2019- Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 14 январи соли 2019 то ҳол- Раиси вилояти Хатлон