Сокинони шаҳри Левакант Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ бо самимият ва эҳтироми бепоён ба Парчам ҳамчун нишонаи пойдорӣ ва иттиҳоди мардуми тоҷик ҷашн гирифтанд.

  Рӯзи 23-юми ноябр Самизода Санавбар, раиси шаҳри Левакант зимни баргузории барномаи мукаммали сиёсию фарҳангӣ, ки дар саҳни қасри фарҳанги шаҳр баргузор гашт, мардумро бо 26-умин солгарди қабул гардидани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

   Самизода аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии кишвар барои боз ҳам муттаҳидтар гардидани мардум, бештар таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, баланд гардидани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихории миллии сокинони Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шеъру сурудҳои кормандони бахши фарҳанг, мактаби санъати бачагона ва хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимии шаҳр, ки аз таърихи парчамдории тоҷикон, нишонаи соҳибватанӣ ва иттиҳоду ҳамдилии мардуми тоҷик будани он ҳарф мезаданд, шукуҳу шаҳомати чорабиниро афзунтар гардонид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here