Левакант. Рӯзи 1 сентябр дар синфхонаҳо ва толорҳои муассисаҳои таълимии шаҳр хонандагону омӯзгорон суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба соли нави таҳсил, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон баргузор гардид, тамошо карданд.
Ҳамзамон дар қасри фарҳанги шаҳр масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, собиқадорони меҳнат бо ҷалби зиёда аз 650 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр суханронии Сарвари давлатро бахшида ба «Рӯзи дониш» тамошо намуданд. Баъди суханронии Пешвои миллат муовини раиси шаҳр хонандагонро бо оғози соли нави таҳсил ва 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.