Ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои мардуми Тоҷикистон хабари ногаҳонӣ ва ғайриинтизор набуд, балки онро хубу хуш пазируфта, дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият дуои некаш доданд.
Рустами Эмомалиро бо вуҷуди он ки ҳамагӣ 32 сол дорад, ҳамагон чун роҳбари кордон, навназар, креатив ва дар мавқеаш устувор шинохтаанд. Гузашта аз ин, шогирди сазовори мактаби сиёсии Пешвои миллат буданаш мардумро беш аз пеш ба ояндаи неку дурахшони мамлакат, рушди устувору босубот, таъмини зиндагии шоиста дилгарм мекунад.
Тӯли чанд соли масъулияти баланду ҳамзамон гарони шаҳрдории Душанберо ба зимма доштан ӯ тавонист симои пойтахти мамлакатро бакуллӣ дигар кунад. Бунёду азнавсозии биноҳои маъмурию маскунӣ бо тарҳу оҳанги миллӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулбоғу сайргоҳҳо, мавзеъҳои фарҳангию тафреҳӣ бас фараҳафзову рӯҳбахш аст. Ҳоло Душанбе бо таносуби риояи суннатҳои шаҳрсозии шарқиёнаву дизайни роиҷ дар ғарб, ба яке аз зеботарин шаҳрҳои рӯйи олам тадбил ёфтааст. Дар ин ҷо сайёҳони чӣ аврупоиву чӣ осиёӣ, тамоми мардумони олам барои худ василаи мувофиқи тафреҳ пайдо карда метавонанд.
Ҳамин корбарии муваффақонаи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ буд, ки Душанбе аз ҷониби хабаргузориҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ҳамчун шаҳри «барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин», «барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин», дар ҷаҳон «яке аз шаҳрҳои амнтарин» эътироф гардида, соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.
Ободкориҳо дар пойтахти мамлакат ҳамоно бомаром идома доранд. Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ», 9 меҳмонхонаи замонавӣ, минтақаи саноатии Душанбе бо бунёди даҳҳо корхонаҳо дар мавзеи шарқӣ, Масҷиди марказии Душанбе, ки бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, варзишгоҳи калонтарин, маҷмааи шиноварӣ ва садҳо иншооти бузурги дигар бунёд меёбанд.
Муруре ба ҳолномаи Рустами Эмомалӣ бозгӯи он аст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар интихоби Раис саҳв накардаанд. Шаҳрдори ҷавони Душанбе ҳоло 32 сол дорад ва аз он 21 солаш дар мактаб, Донишгоҳи миллӣ, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистон таҳсил кардааст. Ихтисосаш иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ буда, дар баробари забони модарӣ, се забони хориҷӣ — русӣ, англисӣ ва олмониро медонад. Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, рутбаи тахассусияш мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти меҳнатии ӯ солҳои 2006-2009 аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, баъдтар дар як қатор мансабҳои масъул идома ёфтааст.
Ӯ солҳои 2009-2011 дар вазифаҳои сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012-2013 муовин ва 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият кардааст.
Аз январи соли 2017 раиси шаҳри Душанбе мебошад.
— Ба унвони шаҳрдор ва ё раиси шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистон таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ҳодисаи муҳими сол, манзурам январи соли 2017 аст, шинохта шуд, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати шаҳрдори Душанбе муаррифӣ гардид, — изҳор медорад Фарҳод Раҳимӣ, президенти Акамияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ. — Бо дастури бевоситаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ шаҳрдорӣ, бо дарназардошти мушкилоти иҷтимоию маданӣ ва иқтисодию молиявӣ, сомонаи вижаеро таъсис дода, тавассути фаъол гардонидани он фазои муколамаю гуфтугӯро бо ҷомеа барқарор намуд. Ин роҳбурди идорӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми шаҳри Душанбе тайи бисту чаҳор соат бо масъулини шаҳрдорӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва мушкилоти худро дар миён гузоранд. Ҳамчунин, дар дастгоҳи идории шаҳрдорӣ ворид намудани технологияҳои нави инноватсионӣ, насби пост-терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳо, ба монанди маблағи об, газ, нақлиёти ҷамъиятӣ аз навовариҳои раиси шаҳр ҳисоб мешаванд, ки сокинони пойтахт аз онҳо ҳар рӯз истифода мебаранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парваришу тарбияи кадрҳои миллии ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Яке аз ин гуна кадрҳои ҷавон, ки зинаҳои гуногуни раҳбариро пушти сар намудааст, Рустами Эмомалӣ мебошад. Рустам дорои ҷавҳари бузурги роҳбарӣ ва инсони ҳушманду шахсияти корозмуда ва фавқулода аст.
Сокинони вилояти Хатлон итминон доранд, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун чеҳраи тобноки олами сиёсат, пайрави ҳақиқии Пешвои муаззами миллат минбаъд низ бо ғояҳои инсонпарварӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, бо хизмати содиқона ба Ватан дар инкишофи тамаддуни миллати тоҷик ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузорад.
Барояш дар иҷрои ин масъулияти баланд комгорӣ, барору муваффақият орзумандем.
Н. Маъмурзода