Мунтазам ва дар сатҳи намунавӣ ба намоиш гузоштани маҳсулотҳои дасти ҳунармандон, яке аз чорабиниҳои доимии масъулони ҷамоати деҳоти Даҳанаи  ноҳияи Кӯлоб ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба ҳисоб меравад.

 Ба наздикӣ дар деҳаи Кули ҷамоати деҳоти мазкур  бо иштироки фаъолону аҳли  ҷамоат ва роҳбарони баъзе аз муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб, ба хусус  КИ ҲХДТ он,  намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

 Ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони деҳа, раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева арз  намуд, ки бо эълон шудани соли – 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, як шароити хеле хубу мусоиде баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот  ба миён омад.

 Аксар иштирокчиёни намоиши  ҳунармандони деҳаи Кул, иброз намуданд, ки имрӯз  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистони соҳибистиқлол  фазои сулҳу субот ва оромӣ ҳукмфармост ва мардум дар пайи ободии Ватан ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ худ ва инчунин баҳри омодагиҳо аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ,  дар талош  ҳастанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here