Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи энергетика – 22 декабр

Энергетикҳои муҳтарам!

Боиси қайд аст, ки шурӯъ аз соли 1936 ба муносибати рӯйдоди муҳими замон — баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишвар бо номи «Варзоби боло», ҳамасола санаи 22 декабр ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетика таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳамаи кормандони соҳаи энергетикаро бахшида ба иди касбиашон самимона шодбош гуфта, барояшон саломатии бардавом, хонаи обод ва рӯзгори накӯро таманно дорам.

Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Боиси ифтихор аст, ки 9 сентябри соли ҷорӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, ки фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо маҳсуб мегардад, мамлакати моро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик кард. Баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳ дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис хоҳанд ёфт.

Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Бо дарназардошти он, ки рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар ба фаъолияти босуботи соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳадафи стратегии давлат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ орзуҳои деринаи халқу миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро амалӣ намуда истодаанд.

Дар замони рушди босуръати саноат ва техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд, ки бартарияти мо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомад бахшида ба оғози сохтмони сарбанди иншооти аср — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузург буда, онҳо бойигарии миллии мо маҳсуб меёбанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад».

Қобили зикри хос аст, ки бунёди ин иншооти аср ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷ маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ аз зумраи афзалиятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба нерӯи бузурги иқтисодии минтақа табдил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар куллан тағйир ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имконият фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис дода, бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин давра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиду тармими як қатор иншоотҳои бузурги энергетикии дорои аҳамияти стратегӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуданд.

Тадбирҳои андешидашуда имкон дод, ки иқтидори тавлидотии нерӯгоҳҳои барқии ҷумҳурӣ аз 4100 мВт-и соли 1991 ба 6460 мВт-и соли 2019 ва истеҳсоли миёнасолонаи он дар ин давра аз 16,3 млрд. кВт/соат ба 19 млрд. кВт/соат афзоиш дода шавад.

Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

Ҳамаи ин тадбирҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд, ки пайомадҳои он дар рушд кишвари азизамон неку бобарор дониста мешавад.

Нерӯи барқи Тоҷикистон, ки аз тавоноии нерӯгоҳҳои обии аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ба табиат безарар, бисёр муфиду арзон арзёбӣ мешавад, воқеан дар пешрафти некӯаҳволии мардуми кишвар мавқеи босазо дорад. Сарвари давлат доимо таъкид мекунанд: “Мо тасмим дорем, ки ин захираи асосиамонро, ки яке аз заминаҳои бунёдии ташаккули “иқтисоди сабз” мебошад, ба манфиати кишвар ва минтақа истифода барем. Тоҷикистон, инчунин, дар ҳалли масъалаҳои паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, тағирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби нӯшокии босифат ва беҳдошт, муҳити зист, инфрасохтору сармоя, мудирияти захираҳои об, аҳаммият ва нақши он дар иқтисоди устувор пешсаф мебошад”.

Ин ташаббусҳо имкон фароҳам меоранд, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯйи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли нерӯи барқ чанд зина боло равад.

Бо дарки ин маънӣ, ба шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар татбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон — Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаро самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, энергетикҳои азиз!

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here