Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи 16-уми шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршо Зеваршоев, муовини раиси вилояти Хатлон, шарикони рушд ва дигар намояндагони дахлдори сохторҳои маҳалӣ ширкат намуданд.

Ҷаласаи 16-уми уми шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам ифтитоҳ намуда аъзоёни шӯроро муррифӣ намуданд. Изҳор кард, ки дар ҷаласа ҳамчунин роҳбари иҷроияи Юсайид дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷейм Перис иштирок доранд. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа се масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфт. Гуфта шуд, ки ҷаласаи мазкур дар доираи фестивали «Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот», ки дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Бохтар доир шуд, баргузор шуда истодааст.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома вобаста ба лоиҳаи Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидории соҳибкории занони деҳот дар вилояти Хатлон изҳори назар гардид. Роҳбари иҷроияи Юсайид дар Тоҷикистон ҷаноби Ҷейм Перис зимни баромади худ изор намуд, ки таъсиси лоиҳаҳои маблағгузор дар доираи беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бо Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Юсайид пайваста роҳандозӣ мешавад ва мо хушҳолем, ки имрӯз дар доираи як фестивали бузург дар чеҳраи занони соҳибкори вилоят табасумро дидем ва шод шудем, ки барои беҳтар гардидани фаъолияти соҳибкории занон то ҷое мо шарикони рушд мусоидат кардем. Ҷаноби Ҷем Перис ҳамчунин ироа намуд, ки дар Тоҷикистон вобаста ба масъалаи гендер борҳо таваҷуҳ зоҳир мекунем ва талош дорем, ки дар доираи лоиҳаҳои муштарак занони деҳот низ соҳиби кор гарданд.

Аз рӯй масъалаҳои ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ роҳбари асосиятсияи соҳибаорони вилояти Хатлон Зафар Ализода баромад намуда иброз дошт, ки дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо ҳамкории бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ пештар мушкилиҳо дида мешуд. Ҳоло аз ҳар ҷиҳат ҳамкориҳо судманд гардидаст. Иброз гардид, ки мо бояд сатҳи муколамаи бахши хусусӣ ва давлатиро дар сатҳи баланд ташкил намоем, то фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят беҳтар гардад. Қайд карда шуд, ки баҳри таъмини рушди устувори бахши хусусӣ, дар мамлакати мо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати хирадмандона тадбирҳои зарурӣ дар самти гумрук, андоз роҳандози гардидааст мисоли он аз оғози соли 2022 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои корӣ заминаи мусоид мегузорад. Дигар баромадкунандагон гуфта шуд, ки вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва рушди бахши содиротро аз вилоят натиҷаи фаъолияти самараноки шӯро арзёбӣ намуданд.

Дар анҷом муовини раиси вилоят Сулаймонзода Акрам, вобаста ба баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро пешниҳоду тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.