Солҳои охир деҳқонони ноҳияи Восеъ рӯ ба сабзипарварӣ оварданд.Тақозои ин амали онҳо, қабл аз ҳама талаби рӯз ва бозорҳои дохилию берунист. Аз майдони умумии 565 гектар сабзии навоҳии минтақаи Кӯлоб 160 гектари он маҳсуби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъанд. Ҳоло сабзипарварони ноҳия ба нигоҳубин ва парвариши ин зироати серталаб машғул буда, азм доранд, ки рӯзҳои наздик маҳсули заҳмати хешро ба бозор мебароранд.