Бо ташаббуси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар толори китобхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят расми муаррифии асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба китобхонаи МИҲД-и вилоят 86 нусха аз 7 номгӯи асарҳое, ки ба фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири истиқлолият, робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ, умури бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат бахшида шудаанд, дастрас гардид.
«Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Роғун», «Бунёдкор», «Роҳи абрешим: Тоҷикистон ва Чин», «Савганди Президенти Тоҷикистон», «Tajikistan — 25» ва китобҳои дигар бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ таълиф гардида, аксҳои рангаи он баёнгари ободкориҳоянд ва қимати баланди таърихӣ доранд.
Дар маросими рӯнамоии асарҳои мазкур қайд шуд, ки мутолиаи ин асарҳо барои кормандони мақомоти давлатӣ, муҳаққиқон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон судманд мебошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон