Роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» сохта  мешавад. 

Дар робита ба ин дар Душанбе ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт байни Вазорати нақлиёти Тоҷикисион ва ширкати «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» қарордод ба имзо расонида шуд. Санадро   Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» Ма Йоунг  ба имзо расониданд.

Лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум- Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км,  марҳилаи дуюм Темурмалик – Кангурт 25,17км-ро дар бар мегирад.

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз ҳамкории густурда дар соҳаҳои мухталифи  байни Тоҷикистон ва Чин ёдовар шуда,  изҳори боварӣ намуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати чинӣ бо сифати баланд ва сари вақт ба анҷом хоҳад расид.

АМИТ «Ховар»