Асосгузори сулҳу  ваҳдат, Пешвои  миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  НБО-и  “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста аз ҷумла таъкид доштаанд; “Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад”. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи нерӯи барқ дар ҷаҳон эътироф гардидааст.

 Аз ин лиҳоз  китобдорон дар ин васила чорабиниҳои пурмазмунро таҷлил намуданд. Аз ҷумла, конфронси хонандагонро таҳти унвони «Роғун равшангари ҳар як хондони тоҷик»  бо гуруҳи васеъи хонандагон баргузор гардониданд.

 Мақсад аз баргузории ин конфронс дар он буд,ки дар замири ҷавонони имрӯза ҳисси ватандӯстӣ, созандагию бунёдкориро бедор намоянд,ва ҳамагон гувоҳанд,ки  дар даврони  истиқлолият сохтмони бузургтарин иншооти аср-НБО-и “Роғун” маҳз бо ташабусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат, дубора ба роҳ монда шуд, ки акнун самараҳои аввалинро ба бор меорад.

   Ҳамзамон дар толори хониш намоиши китобии доимамалкунандаро бо номи “Роғун-равзанае аз нур ба сӯйи фардои дурахшон” ва картатекаи мавзӯиро  дар мавзуи «Роғун-сохтмони асосии аср” тартиб дода, баҳри  баҳрабардории хонандагон гузоштанд.

 Инчунин сӯҳбат дар мавзӯи “Симои шӯҷоатҳост “Роғун”, баргузор намуданд,ки дар он аҳли  нишаст қабул донистанд,ки баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст,ки дар кишвар даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.

  Хулоса, бунёди НБО-и “Роғун” собит месозад,ки халқи тоҷик тавоно ва созандаю бунёдкор буда, қодир аст ки бо азми қавӣ, меҳнати садоқатмандона ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳама мақсад ва ормонҳои таърихии хеш ноил гардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here