Левакант. Дар назди қасри фарҳанг бо иштирок васеи аҳолӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Мардуми ҷамъомадаро раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар шаҳри Левакант вобаста ба истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон ва муовини раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед бо суханрониҳои пурмуҳтавову самимӣ табрик гуфтанд.
Қайд гардид, ки ба истифода дода шудани чархаи аввалини НБО Роғун ҷаҳиши калон дар соҳаи энергетикаи кишвар ба шумор рафта, ин рӯйдоди муҳим бешубҳа дар баланд гардидани иқтисодиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар, ки аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, нақши беназир хоҳад гузошт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони бахши фарҳанг, дастпарварони мактаби санъати бачагона ва ҳаваскорони санъати шаҳр бо шеъру сурудҳои ватандӯстона ва оҳангҳои дилпазир хотири аҳли ҷамъомадро шод намуданд. Аз чеҳраҳои мардум аён буд, ки хотироти неки ин рӯзҳои фараҳбахш то дергоҳ дар қалби онҳо боқӣ хоҳад монд.