Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки дар ҷаласаи охирини Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дода шуда буд, бо истифода аз мошинҳои обпоши корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар роҳҳои мошингарди тамоми шаҳру навоҳии вилоят корҳои дезинфексионӣ анҷом дода мешаванд.

Аллакай дар роҳҳои маркази ноҳияи Кӯшониён, Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён маҳлули безараргардонӣ омода карда шуда, тавассути мошинҳои обкаш чунин тадбир амалӣ гардид.

Дастур дода шудааст, ки чунин корҳои безараргардонӣ дар роҳҳои нақлиётгард ҳадди ақал ҳафтае ду маротиба анҷом дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки то 1 апрел дар ҳудуди вилоят 1734 масҷид, 510 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Бохтар ва 424 муассисаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон дар минтақаи Кӯлоб, дар маҷмӯъ 934 адад муассисаҳои тарбиявию таълимӣ тамиз (дезинфексия) карда шуданд.