Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷоягӣ бо Котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, шуъбаи маориф ва намояндагони ШВКД дар ноҳия редҳои шабона баргузор намуданд.

Редҳои мазкур дар маркази бозиҳои компютерии ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ ва ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардида, як қатор ноболиғон аз бемасулиятии волидон баъди соати муайян гардида дар кӯчаҳо ва марказҳои компютерӣ  ба оворагардӣ ва дилхӯшӣ даст мезаданд.

Нисбати волидони ноболиғоне, ки фарзандонашон ба ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ даст задаанд ва бетафовути онҳо нисбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here