Дар ноҳия баҳри амалӣ намудани яке аз нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар дар самти бунёд ва барқарор намудани корхонаву коргоҳҳои парандапарварӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

 Бо ин мақсад ба як чанд сокини ноҳия, аз ҷумла истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев Одинаев Исмоил бо қарори дахлдори раиси ноҳия қитъаи замин барои сохтмони корхонаи парандапарварӣ дар масоҳати 1,34 га ҷудо гардид. Айни ҳол аз тарафи соҳибкор корҳои ҳамворкунӣ ва мустаҳкамкунии замини зери бинои ферма ба анҷом расида, барои сохтмони таҳкурсии бинои асосӣ ба андозаи 11 х 65 метр маводҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 17 000 дона хишти хом омода шудааст.

 Фермаи мазкур барои парвариши 5000 (панҷ ҳазор) сар мурғ сохта шуда, дар сурати ба фаъолият оғоз намудан дар он 9 нафар шаҳрвандон ба ҷои кори доимӣ таъмин мегардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here