Имрӯз, 24 октябр, дар асоси дархости сокини шаҳри Бохтар Абдулҳасан Саидов, барои фарзанди панҷсолааш, ки мубталои бемории фалаҷ аст, аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аробачаи маъюбӣ тақдим карда шуд.

Абдулҳасан Саидов, ки имрӯз ба қабули раиси вилоят омада буд, қайд кард, ки шароити номуносиби иҷтимоияш имкон намедиҳад, ки барои духтараш Бибиҳанифа аробачаи маъюбӣ харидорӣ кунад.
Дархости шаҳрванд дар зудтарин фурсат ҳалли мусбат пайдо кард. Абдулҳасан Саидов ба роҳбарияти вилоят барои ғамхорӣ ва расидагии фаврӣ ба арзаш изҳори миннатдории самимӣ намуд.
— Ҳамакнун, ман метавонам Бибиҳанифаро бо аробачааш ба сайругашти шаҳр барорам, ӯро барои маҳсгирӣ ба маркази саломатӣ барам, — қайд кард А. Саидов. — Мо дилпур шудем, ки давлату Ҳукумат барои дастгирии оилаҳои муҳтоҷ тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ одамони маъюбу эҳтиёҷмандро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз дар доираи қабули шаҳрвандон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 15 нафар аз шаҳру навоҳии Бохтар, Левакант, Кӯшониён, Қубодиён, Вахш, Ёвон муроҷиат намуда, аз ҷониби роҳбарияти вилоят барои баррасӣ ва ҳаллу фасли арзу дархости онон ба мақомоти дахлдор дастуру супориш дода шуд.
Бо дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳар рӯзи шанбе дар минтақаи Кӯлоб низ аз ҷониби муовинони раиси вилоят қабули сайёри шаҳрвандон доир карда мешавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон