Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, имрӯз, 24 сентябр, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва мудирони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш ва табодули таҷриба аз иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Данғара, Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб сафар карданд.
Ин ҳайатро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло роҳбарӣ мекунад.
Сафари кории раисони шаҳру навоҳии вилоят аз боздиди корхонаи коркарди шири ҶДММ “Шири Данғара” дар Ҷамоати деҳоти Данғара оғоз ёфт. Қобили зикр аст, ки корхонаи мазкур 12 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намуда буд.
Маълумот дода шуд, ки дар корхонаи «Шири Данғара» 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ, якчанд намуди кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад. Дар ҶДММ «Шири Данғара» 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор фаро гирифта шудаанд.
Тавре дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дарҷ гардидааст, гузаштан аз кишвари агро-саноатӣ ба низоми индустриалӣ-аграрӣ яке аз ҳадафҳои аслии давлат маҳсуб меёбад. Ифтитоҳи корхонаи «Шири Данғара» дар доираи татбиқи нишондодҳои ин ҳадафи стратегӣ сурат гирифта, барои саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.
Дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муъминобод меҳмонон аз майдончаи варзишие, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, дидан карданд. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обу тоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд”-и Муъминобод меҳмонон бо фаъолияти фабрикаи парандапарварии “Мурғи Муъминобод” шинос шуданд.
Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод ҳайати меҳмонон аз бинои меҳмонхонаи навбунёд, фаъолияти корхонаи коркарди меваю сабзавот, гулгашти лаби ҳавз ва бинои қароргоҳи мақооти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боздид карданд. Иншоотҳои мазкур низ дар нимаи якуми моҳи сентябр зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Бинои хуштарҳу замонавии меҳмонхонаи «Муъминобод” дар доираи ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 бунёд шуда, аз 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона иборат аст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхонаи «Муъминобод» метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани “Муъминобод” бошад, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат аст. Корхонаи мазкур дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст. Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнашикан омода карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонии то 2 ҳазор зарфи 2-литра сабзавотҳои гуногун анҷом дода мешавад.
Ҳоло дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 каси дигар аз ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд. Дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонданианд.
Сафари муовини якуми раиси вилоят ва раисону масъулони шаҳру навоҳии вилоят нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Кӯлоб идома меёбад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон