Ҳамзмон дар ноҳияи Данғара меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Файзбахш ва Сафобахшро ба ҳам мепайвандад, аз корҳои сохтмонӣ ва мумфаршнамоии боздид ба амал оварданд.
Дарозии роҳи мазкур 6 километр ва паҳноиаш 6 метрро ташкил дода, он дар доираи нақша чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ техникаву механизми роҳсозии муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.
Роҳсозон дар вақти сохтмон ҳамаи талаботи меъёрҳоро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷуйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳро анҷом додаанд.
Дар корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандисону кормандони техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳди дучанд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.
Таъмири пурра гардидани роҳи автомобилгарди деҳаҳои Файзбахш ва Сафобахш ҳамчунин дар амалӣ намудани нақаша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба «Солҳои рушди саноат» замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир чор моҳро фаро гирифта, дар ин давра наздики 30 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.