Сокинони вилояти Хатлон аз субҳи имрӯз, 11 октябр, фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва ба ҷонибдории номзади худ овоз медиҳанд.

Субҳи имрӯз, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар участкаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар-44 ба овоздиҳӣ омад.
Дар ин қитъаи овоздиҳӣ 1980 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 12 ҷавоне, ки бори аввал овоз медиҳанд ва 12 нафар солмандони аз 70-сола боло ба қайд гирифта шудаанд.

Пас аз раъйдиҳӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо мушоҳидони байналмилалӣ мулоқот намуд. Мушоҳидон ба раванди интихобот баҳои хуб дода, онро шаффофу демократӣ арзёбӣ намуданд.
Раиси вилоят дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки интихобот падидаи демократӣ, воқеаи муҳимми сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи давлатамонро муайян мекунад.
— Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, ҳамчунин, барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф асосҳои ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад, — идома дод Қурбон Ҳакимзода. — Маҳз ҳамин кафолатҳои ҳуқуқӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд дар самти таъмин намудани ифодаи ихтиёрии иродаи халқ вақти баргузории интихобот мебошад.
Қайд гардид, ки дар шароити давлати ҳуқуқбунёди демократӣ тамоми субъектҳои раванди интихобот бояд муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар фаъолият намудани комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод барпо гардидани интихобот тадбирҳо андешанд ва амалӣ намоянд.
Тибқи мушоҳидаҳо, имрӯз шаҳрвандон аз ҳуқуқи қонунии худ фаъолона истифода намуда, дарк мекунанд, ки аз раъйи онҳо тақдири ояндаи давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли 2020 таъин карда шудааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ дар асоси қарорҳои дахлдори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бовариноки онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ вохӯриҳоро бо интихобкунандагон доир намуданд.
Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 175 нафар, аз он ҷумла 97 нафар занон (55,4%), 1097 участкаи интихоботӣ (нисбат ба интихоботи президентии соли 2013-ум 86 участка зиёдтар) бо фарогирии зиёда аз 9873 нафар аз ҳисоби шахсони таҷрибадор таъсис дода шудааст.
Шумораи интихобкунандагон дар вилоят як миллиону 717 ҳазору 489 нафар ҳисоб шудааст. Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 хабарнигори сабтиномшуда ва наздик ба 5,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мушоҳида хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон