Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Левакант ташриф оварда дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳр аз хоҷагии деҳконии Абдукарим боздид ба амал оварданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Абдукарим” дар майдони 1-гектар замин доман паҳн намуда, самти асоси кории хоҷагии мазкур ниҳолпарварӣ буда, 17 сол боз сокинони вилоят ва ҷумҳуриро бо гулҳои ороиши ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда таъмин менамояд.
Раиси вилоят ба роҳбари хоҷагӣ ҷиҳати бозҳам зиёд намудани намудҳои гул ва дарахтони ороишию сояафкан дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз фаолияти пурсамари хоҷагӣ ва саҳмгузории онҳо дар ободӣ ва сарсабзии вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд.