Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як қатор кадрҳои таъиншударо аз қабили Аҳмадзода Илҳом Шамол — муовини якуми раиси ноҳияи Хуросон, Камолов Муродалӣ Шарифалиевич – Раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, Ёраҳмадов Ҳомидҷон Маҳмудович –Раиси ҷамоати деҳоти Дашти-Ҷуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Гадоева Ҳалима Сайвалиевна – Сартабиби таваллудхонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, Ахмедов Даврон Бобоҷонович – Директори маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Қурбонов Ниёзмаҳмад Сафаралиевич – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Маллазода Сайдулло Ҳасан – Сартабиби беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ, Фарангиси Амрохон – Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз, Бегова Зарнигор Турдиевна – Сардори шуъбаи Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар, Амиршоев Худойдод Абдуҷалолович – Мудири бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зимни суханрониаш аз суханҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here