Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба аёдати собиқадори соҳаи тиб, сокини шаҳри Бохтар Гулизор Сайҳомидова рафта, ӯро бо Рӯзи модар табрику таҳният гуфт.
Раиси вилоят бо рӯзгори ин зани бомаърифат шинос шуда, дар атрофи корномаи ӯ суҳбати самимӣ орост.
Гулизор Сайҳомидова аз зумраи бонувонест, ки ҳаёти худро баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа бахшида, дар вазифаи табиб аз соли 1980 то инҷониб хизмати мардумро анҷом медиҳад. Имрӯз низ дар Муасиссаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Бохтар ба сифати мудири шуъбаи 3-юми тибби оилавӣ ифои вазифа дорад. Ҳамин фаъолияти пурмаҳсул аст, ки Г. Сайҳомидова миёни ҷомеа эҳтироми зиёд дорад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба табиби собиқадор умри дарозу хушиҳои рӯзгорро таманно кард.