Субҳи имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба мавзеъи офатзадаи ноҳияи Вахш ташриф оварда, аз рафти омодабошии сохтмони бунгоҳи тиббӣ,тавллудхона ва муассисаи таълимӣ, ки дорои 13 синфхона ва 320 ҷойи нишаст аст дидан намуд.
Раиси вилоят зимни дидорбини ба масъулин дастур дод, ки ҳарчи зудтар ба сохтмони иншоотҳо оғоз бахшанд.
Дар ин баробар аз рафти сохтмони хонаҳое, ки аз офати табии зарар дидаанд шиносои ба амал оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба фаъолон барои босифат ва саривақти анҷом додани сохтмони мазкур маслиҳатҳои муфид дод. Сокинон аз ташриф ва маслиҳатҳои судманди раиси вилоят хушҳол шуда изҳори миннатдорӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон