Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода тибқи дастури Пешвои миллат ба аёдати чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, ҳадяҳои Роҳбари давлатро супурданд.
Дар шаҳри Кӯлоб раиси вилоят бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, овозхони шинохта Бобоҷон Азизов дидору мулоқот ороста, аз номи Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ӯро ба муносибати ба синни мубораки 70 қадам гузоштан самимона шодбош гуфтанд.
Қобили зикр аст, ки Бобоҷон Азизов соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кўлоб (1971) мебошад. Бо мукофоти давлатии ордени Дӯстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Соли 1999 ба дарёфти унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба Бобоҷон Азизов, ки яке аз чеҳраҳои саршиноси олами санъати тоҷик ва устоди шумораи зиёди ҳунармандони ҷавону хушсалиқа мебошад, барои хизмати содиқона ва бисёрсола ва саҳмгузориаш дар рушди фарҳангу санъати тоҷик изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон