Раиси вилояти Хатлон бо хайати гурӯҳи кори дар ноҳияи Шерободи Ӯзбекистон бо фаъолияти корхонаи муосир «Шеробод анор импекс» шинос гардид дар корхонаи мазкур сардхонаҳо мавҷуданд, ки маҳсулотҳои истеҳсолшударо беталаф нигоҳдори менамоянд. Дар корхона ба хушк кардани боимҷон ва афшура низ машғул мебошанд. Инчунин дар ҳудуди корхона бошад гармхонаҳо мавҷуданд. Аз ҷумла дар гармхонае, ки 29 гектарро ташкил медиҳад, маҳсулоти бозоргир, ба монанди помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва боимҷон парвариш карда мешавад.
Дар ин ҷо 200 нафар ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд.
Ин ширкат иқтидори истеҳсолии 6000 тонна бастабандӣ ва 2000 тонна афшураи анор дорад. Дар ин ҷо 70 нафар кор мекунанд.