Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар доираи сафари худ ба шаҳри Левакант аз манзили истиқоматии Тағойгул Сафарова, воқеъ дар Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон дидан намуд.
Ин хонавода 0,16 га замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, ҳар ваҷаби онро самаранок истифода мебарад. Тағойгул Сафароваи 71-сола, ки модари 8 фарзанд ва бибии 32 набераю 4 абера аст, бо фарзандонаш дар ин қитъаи замин помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон ва дигар намуди сабзавотро барои аҳли оила парвариш менамоянд.
Т. Сафарова гуфт, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳоло дар хонадони ӯ барои захираи ғизои дусола имконият фароҳам буда, дар масоҳати 0,09 га хоҷагии ёрирасон макаи дон ва юнучқа барои хӯроки чорво кишт кардааст. Рӯзҳои наздик дар кишти такрорӣ картошка ва дигар маҳсулотро низ кишт хоҳанд кард.
Аз ҳисоби меваи дарахтон ва ҳосили помидору бодиринг, нахӯди сабзу боимҷон имсол барои оила дар зиёда аз 400 адад зарфи ду-селитра хӯришҳои гуногун, мураббо ва шарбат омода ва захира намудаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ки бо ин модар ҳамсуҳбат шуданд, барои тарбияи шоистаи фарзандон, роҳнамоии онҳо ба меҳнати содиқона, истифодаи самарабахши замин, захираи маводи озуқа аҳсан хонданд.