Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг ба аёдати Ҳасан Мирзоев, нафарагири маъюб рафт.

Зимни мулоқот бо Ҳасан Мирзоев раиси вилоят ӯро бо фарорасии соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа, алалхусус маъюбону барҷомондагон, пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳасан Мирзоев ба Пешвои миллат ва раиси вилоят барои таваҷҷуҳи доимиашон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Қурбон Ҳакимзода 31 декабр ҳамчунин ба дидорбинии Шарифхӯҷа Сатторов, сокини деҳаи Дашти Руботи Ҷамоати деҳоти “Шугнов” рафт. Ш. Сатторови 36-сола маъюби гурӯҳи якум буда, падари чаҳор фарзанди хурдсол мебошад. Раиси вилоят аҳли хонадони ӯро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, ба масъулони ноҳияи Ховалинг ва раёсатҳои тандурустию маорифи вилоят дастур дод, ки раванди табобати Ш. Сатторов ва таҳсили фарзандони ӯро дар таълимгоҳ зери назорат қарор диҳанд ва ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи Қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195, “Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон”, бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон ҳар рӯзи шанбе дар вилоят “Рӯзи аёдати ниёзмандон” ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ин қарор ба афроди ниёзманд, аз ҷумла шахсони камбизоат, ятимони кул, оилаҳое, ки дар ҳайати худ шахси маъюб доранд, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, шахсони яккаву танҳо, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар кишвар, ки маъюбӣ дошта, ба дастгирии моддию молиявӣ ниёз доранд, кумакҳо расонида мешавад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here