Дар доираи баргузории Форуми байналмилалии содиротии Бохтар фуд – 2023 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар заминаи муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб сафири фавқулодаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Алрушайдон мулоқот оростанд.
Раиси вилоят дар мулоқот зикр доштанд, ки боиси хушнудист, ки мулоқоти имрӯза дар рӯзи баргузории Форуми байналмилалии содиротӣ “Бохтар фуд -2023” рост омад. Ҳадафи ташкил намудани чунин як форуми сатҳи байналмилалӣ пеш аз ҳама ин ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои хориҷи дуру наздик равона гардида, итминон дорем, ки вохӯрии имрӯза ва Форум “Бохтар фуд-2023” барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба такони тоза мебахшад. Зеро муносибат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои араб, махсусан бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дорад.
Гуфта шуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11–уми январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22 – юми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Илова ба ин чуноне мушоҳида мегардад, рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки сол то сол ҳамкориҳо рушд ёфта истодаанд.
Робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳо ба ҳисоб рафта, якчанд маротиба рӯзҳои фарҳангӣ Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баргузор гардидаанд.
Ҳамзамон таъкид рафт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст, таъкид дошт раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дар идома миннатдории худро барои дастгириҳои доимӣ баён доштанд.
Дар ин мулоқот сафири фавқулодаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Алрушайдон зикр дошт, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ амал мекунад ва бо назардошти густариши ҳамкориҳо дархост намуд, ки дар яке аз ин фурудгоҳҳи хатсайри ба Арабистони Саудӣ кушода шавад.
Ёдовар шуданд, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 1 миллион доллари амрикоӣ аз рӯи лоиҳаҳои гуногун корҳои сохтмониву ободонӣ ҷараён дорад.
Илова ба ин дар оянда барои обёрии ва азхудкунии заминҳо сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 20 миллион доллари амрикоӣ лоиҳа пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин дар доираи ин лоиҳа масъалаи дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд низ баррасӣ мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, қайд дошт, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ омодаем.
Ва итминон дорем, ки сафари Шумо ба вилояти Хатлон ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.