Имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар шаҳри Бохтар аз мавзеи сохтмони лоиҳаи ангоравии тобистона, гулгашти Дуои модар ва оташи абадӣ дидан намуданд. Дар зимн аз ҷониби масъулон ба раиси вилоят доир ба лоиҳаи сохтмони иншооти мазкур маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки лоиҳаи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷиҳати ободу зеббо гардондани гушаи диёр ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маблағгӯзорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар ҳаҷмӣ 0.60 гектар доман паҳн намуда, дар он гулгашти дуои модар ва оташи абадӣ сохта мешавад. Сохтмони иншооти мазкур бо тарз ва услуби хоси меъморӣ ба нақша гирифта шуда, итминон аст, ки баъди сохта шудан, мавзеъи мазкур ба яке аз маконҳои тамошобобӣ сокинони шаҳри Бохтар мегардад. Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Бохтар ва масъулон ҷиҳати саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз доштанд, ки мавзеи мазкур бояд тарзе сохта шавад, ки диқатҷалбкунанда ва манфиатбахш барои халқу миллат бошад.
Сипас раиси вилоят аз заминҳои кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дидан намуда, бо рафти кишт ва парвариши гулҳои гуногунранг шинос шуданд. Дарҷ гардид, ки бо мақсади сабзу хурамгардонии диёр ва шинонидани гулҳои ороиши дар кучаю хиёбонҳо бо назардошти эҳтиёҷот ин макон барои парвариши гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан истифода шуда имрӯз 6-ҳазор бех ниҳоли садбарг шинонида шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулон вобаста ба системаи нозук будани соҳаи гулпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз доштанд, ки дар вилояти Хатлон захираву имкониятҳои лозима баҳри рушди соҳаи кишоварзи зиёд аст ва баҳри истифодаи самараноки он бояд аз ҳама имконоти мавҷуда мақсаднок истифода кард. Интихоби дурусти тухмӣ омили фаровонҳосили гардида, ба деҳқонон даромади бештар медиҳад. Аз инрӯ марди деҳқон ҳангоми кишту кор ва парвариш бояд тамоми нозукиҳои кишоварзиро ба инобат гирифта, заминро самаранок истифода намояд-афзуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.
Ҳамчунин раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар аз сардхона дидан намуданд. Кайд кардан ба маврид аст, ки вилояти Хатлон доирои иқлими мувофиқ барои парвариши маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ буда, коркард, парвариш, инчунин нигоҳубини мевагиҳо дар сардхона, захира ва содирот ба хориҷи кишвар хуб арзёбӣ гардида, ба фоидаи деҳқонон ва пур будани сабади истеъмолии сокинон дар тамоми фасли сол мебошад. Айни ҳол дар сардхонаҳои шаҳри Бохтар мевагиҳои себ ва ангур нигоҳдори гардида, дар назар аст, ки дигар навъҳои маҳсулот низ нигоҳдори шаванд. Тарзи нигоҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят ба соҳибкорон ҷиҳати зиёдтар фарогирии молу маҳсулот ва захираи кофӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.