Ҳамасола дар сартосари мамлакатамон 10-уми август ҳамчун рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллозода ва устодону варзишарони шаҳру навоҳии вилоят чорабинии идона баргузор шуд. Сараввал ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони вилоят дидан намуда, ба онҳо таҳсину офарин хонданд.
Қисми дигари чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, Фирӯза Шарифӣ ҳамаи варзишгарони вилоятро ба рӯзи идашон табрик гуфта, ба онҳо дар самти раидан ба комёбиҳои бештар маслиҳату машваратҳои муфид дод.
Бояд зикр кард, ки қисмати ҷамбастии чорабинии имрӯза бо супоридани диплому ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти масъули вилоят ҷамъбаст гардид. Дар ин рӯз ғолибони ду намуди варзиш-шашка ва шоҳмот барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.