Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 майи соли 2019, №128 «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофиззати кӯдакон дар вилояти Хатлон» ва нақша-чорабиниҳои «Ҳафтаи кӯдакон» дар якҷоягӣ бо бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати тандурустии вилоят ва Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар рӯзи 29 майи соли ҷорӣ дар назди дармонгоҳи кӯдаконаи шаҳри Бохтар «Рӯзи дарҳои кӯшод» доир карда шуд, ки табибони ин дармонгоҳ аз соати 7.30 пагоҳи то нимрӯзӣ дар саҳни ҳавлии бино зиёда аз 450 нафар ниёзмандонро қабул намуда, ба онҳо хизмати тиббӣ расониданд.