Дар толори Кохи Ватани шаҳри Бохтар чорабинии «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Бохтар суханронӣ намуд ва ҷавонони фаъолу пешсаф бо туҳфаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

 Қабл аз баргузории чорабинӣ намоиши маҳсули дастранҷи наврасону ҷавонон пешкаш гардид. Хусусан маҳсули ихтироъкорон дар намоиш гузошта шуд, ки бо маҳорат ва идеяҳои нав рӯи кор омада буданд. Раиси шаҳр ва дигар ҳамроҳонаш аз намоиш дидан карда, ба ҳунару маҳорати ҷавонон баҳои баланд доданд.

Дар чорабинӣ нахуст раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим баромад карда, ҳамагонро ба ин рӯз шодбош гуфт.

 Исмоилзода Абдуалим бобати баргузории рӯзи ҷавонон,, дастгирии ҷавонон аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар озмуну олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳо табодули афкор кард. Иброз гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ва дар хамин замина таъсис дода шудани Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷдкистон, қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999−2000 (5 октябри соли 1998), Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2001−2003» (соли 2001), таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонй (20 марти соли 1998), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таъсилоти ҳамагонй, литсейхо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо» (26 феврали соли 1998), баъди танаффуси сесола боз аз нав эҳё шудани рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (23 феврали соли 1998), 23 май эълон гардидани Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон шаҳодати раднопазири дар солҳои истиқлолият ба амал омадани тағийротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷавонони кишвар мебошанд.

 Раиси шаҳри Бохтар афзуд, ки ҷавонони мо сол то сол фаъолиро аз даст надода дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ин аз он дарак медиҳад, ки онҳо баҳри сазовори ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидан аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода мекунанд ва ҳамаи нерӯву махорати худро истифода менамоянд.

 Пас аз суханрониҳои раиси шаҳр чанде аз ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар, гирандагони Стипендиҳои раиси шаҳр ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони карда, бобати сиёсати давлатии ҷавонон ва шароитҳои муҳайё гардидаву дастгириҳо ибрози андеша ва изҳори ташаккур намуданд.

 Сипас раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз қисмате аз ҷавононеро, ки ифтихори мардумишаҳранд, бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. Хусусан ҷавонони варзишгар, кормандони ҷавону фаъоли ташкилоту муассисаҳо, ғолибони озмунҳоро қадрдонӣ карданд.

 Баъдан барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги шаҳр ва рақсҳои ҷолибу дидании ансамбли «Ситора» пешкаши ҳамагон гардид. Бо ҳамин минвол «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here