Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) имрӯз, 19 октябр, рӯйхати навбатии 12-умини худ- 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500) нашр намуд.
Ба ин рӯйхат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомил шуданд.
Инчунин ба рӯйхат Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз, Роҳбари олии Эрон Оятулло Сайид Алӣ Хумайнӣ, президентони Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Озарбойҷон-Илҳом Алиев, Туркманистон-Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов, Чеченистон-Рамзан Қодиров, сарвазири Покистон Имрон Хон, муфтии Узбекистон Усмон Алимов, ҳамлагари дастаи миллии Миср ва клуби Англия «Ливерпул» Муҳаммад Саллоҳ шомил шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯйхати The Muslim 500 шурӯъ аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад. Ҳамасола ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.