Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар бори аввал бо намоишномаи тарбиявии «Подоши амал» дар қатори дигар театрҳои лӯхтаки ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Фестивали VI байналмилалии театрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл», ки моҳи яктябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, муаррифӣ менамояд.

  Хайрулло Давлатов, сарвари театри мазкур, бо тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки аҳли эҷоди театр алҳол намоишномаи тарбиявии «Подоши амал»-ро аз рӯйи асари Абдураҳим Абдураҳмонов тамрин карда, маводи саҳнавӣ ва лӯхтакҳоро таҳия менамоянд. Боиси зикр аст, ки Фестивали байналмилалии тетрҳои касбии лӯхтак «Чодари хаёл» дар ду сол як маротиба доир гардида, дар он театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Қазоқистон, Авғонистон, Россия, Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳо бо намоишнмаҳои беҳтарин иштирок мекунанд.

  Ёдовар мешавем, ки Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» дар оғози соли 2018 дар шаҳри Бохтар ба фаъолият шурӯъ намуда, ягона театри лӯхтак дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here