Дар толори Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Пленуми 3-уми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар кори Пленум 3  масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд. Масъалаи якум, ки масъалаи ташкилиро дарбар мегирифт, аз рӯи он ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб Исмоил Иброҳимов баромад карданд. Мавсуф дар баромади худ  қайд намуд, ки аз пленуми гузашта то имрӯз аз ҳайати он 4 нафар бо сабабҳои мухталиф хориҷ шуданд. Аз ин рӯ лозим меояд, ки ба ҷойи онҳо ашхоси нав ба ҳайати пленум қабул карда шаванд.

 Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома «Оиди расонидани хизмати тиббӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат дар муассисаҳои тандурустии ноҳияи Муъминобод» раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи мазкур  Давлат Азимов баромад намуданд.

 Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзнома, ки оиди рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро дарбар мегирифт, ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати  минтақаи Кӯлоб Иброҳимов И. гузориш доданд.

 Аз рӯи масълаҳои ба муҳокима гузошта шуда Шариф Раҳимов раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қурбон Сафаров раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Восеъ, Лола Кароматова мутахассиси кумитаи ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, Раҳматулло Ҷумъаев намояндаи Раёсати тандурустии минтақа, Ғанӣ Сафаров раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Темурмалик, Ҳақназар Хоҷаев раиси ташкилоти собиқадорони соҳаи барқ ва Неъматулло Раҳматов-раиси собиқадорони корҳои дохилии минтақа  ба музокира баромада, андешаҳои хешро манзури иштирокчиён намуданд.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here