Пахтакорони ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Бохтар бо рӯҳияи баланд аз эълони мусобиқаи «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор», аз иҷрои беш аз 50 дарсади дурнамои ҷамъоварии ҳосили «тиллои сафед» мужда доданд.
Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ба ҳолати 18 сентябри соли ҷорӣ заркорони Шаҳритус 54,1% ва Бохтар 52,9%-и дурнамои солонаро иҷро карда, мутаносибан 6464 ва 369 тонна ҳосили пахтаро ғун намуданд.
Бо ибтикори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
Қобили зикр аст, ки 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.
Деҳқонони вилояти Хатлон соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар тухмии аълосифати навъҳои «Хатлон — 2011», «Хатлон — 2012», «Хатлон — 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ» ва ғайра кишт кардаанд, ки 70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
№ |
Шаҳру ноҳияҳо |
Фоизи иҷро |
|
Дар 1 рӯз |
Аз аввали мавсим |
||
1 |
Шаҳритус |
2,5 |
54,1 |
2 |
Бохтар |
2,9 |
52,9 |
3 |
Левакант |
3,0 |
46,3 |
4 |
Фархор |
2,5 |
39,9 |
5 |
Хуросон |
2,2 |
39,8 |
6 |
Н. Хусрав |
2,0 |
37,7 |
7 |
Ҷ. Балхӣ |
2,2 |
36,8 |
8 |
Панҷ |
1,2 |
36,8 |
9 |
Қубодиён |
0,9 |
36,3 |
10 |
Кӯшониён |
1,6 |
36,2 |
11 |
Ёвон |
1,1 |
36,2 |
12 |
Ҳамадонӣ |
2,1 |
34,7 |
13 |
Ҷайҳун |
1,6 |
33,6 |
14 |
А. Ҷомӣ |
0,9 |
31,5 |
15 |
Восеъ |
1,0 |
30,4 |
16 |
Дӯстӣ |
1,6 |
28,3 |
17 |
Данғара |
1,8 |
25,0 |
18 |
Вахш |
0,7 |
14,6 |
19 |
Кӯлоб |
1,2 |
11,0 |
Дар вилоят |
1,6 |
33,6 |