Тибқи нақшаи кории Шӯрои байниидоравии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир ба тадбиқи «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» ва бо кӯмаки молиявии филиали «ГОПА» МБХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -Лоиҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила рӯзи 14.11.2018 дар толори китобхонаи марказии ноҳия омӯзиши якрӯза аз рӯи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар мавзӯи «Истифодабарии усулҳои комплексӣ «ҳамаҷониба» оиди мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила, муттаҳид намудани саъю кӯшиш дар пешгирии ин падида ва хизматрасонӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила» бо иштироки омӯзгорони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуд.