Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дилафрӯз» — и вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор намуд.

Дар кори мизи мудаввар мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомотҳои қудратӣ ва дигар субъектоне, ки вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила кор мебаранд, иштирок доштанд. Ҳар як иштирокчӣ вобаста ба фахолияти худ дар ин самт гузориш манзур намуданд. Ҳамзамон баъди баҳсу мунозира аз тарафи иштирокчиён таклифу пешниҳодот вобаста ба паст кардани ин амали номатлуб пешниҳод намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here