24 апрели соли 2019 дар толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар Конфренсияи илмию амалии  вилояти дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар соҳаи озодии виҷдон» бо иштироки мудирони  шуъбаю бахшҳои дин, танзими анана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин, сармутахассисони дин танзиму анана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва имомхатибони масҷидҳоми ҷомеъ баргузор гардид.

  Дар Конфренсияи мазкур дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳо дар соҳаи озодии виҷдон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ, худшиносии миллӣ, дустдории ватан ба иштироккунандагон аз тарафи маърӯзакунандагон расонида шуд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here