Мутахассисони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо дар самти ҳифзи саломати аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ бо соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ ва табибиони сохтори госпиталии ноҳияи мазкур вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрие, ки дар толори Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ мутахассисони Сарраёсати Хадамоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ ва табибони сохтори госпиталии ноҳия гузарониданд, масъалаи таъғиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷамшед Ашурзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда вобаста ба таъғиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳозирин маълумот дод. Номбурда афзуд дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷазо дар самти вайрон намудани қонунгузорӣ вобаста воридоти маводҳои дорувории бесифат ва ба талаботҳо ҷавобгӯй набудан, ба фурӯш баровардани онҳо пурзур карда шудааст. Аз ин хотир моро зараруаст, ки масъулиятро бештар намуда ба сатҳу сифати хизматрасони диққати ҷиддӣ бидиҳем.

Гузашта аз ин Ҷ. Ашурзода иброз дошт, ки дар ин самт ба Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъғиру иловаҳо ворид карда мешавад ва ҷазо барои табибону соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ, ки ба қонуншикани даст мезананд, пурзур карда мешавад.

Мақсад аз ворид намудани таъғиру иловаҳо ба қонунгузори дар самти хизматрасонии тиббӣ ин пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ҳамчунин ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад, — илова кард, — номбурда.

Инчунин бо табибони сохтори госпиталии ноҳия чунин як сӯҳбати ошкоро сурат гирифта, вобаста ба риъояи фармоиши Вазорати тандурустӣ дар самти дорухат ва қоидаҳои навиштани тавсиянома тавсияҳо дода шуд.

Ҳамчунин мутахассисони сарраёсат вобаста ба камбудию норасоиҳое, ки зимни як санҷиш дар дорухонаҳои ноҳияи Панҷ ошкор карда буданд бо мудирони дорухона гуфту гузор карданд ва тавсия доданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин камбудиҳои ошкор шуда бартараф карда шаванд. Нисбати он дорухонаҳое, ки камбудиҳо ошкор карда шудаанд протоколҳои маъмури тартиб дода шудааст, ва нисбати мудирони ин дорухонаҳо парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда ба ҷавобагии маъмурӣ кашида хоҳанд шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа соҳибкорон ва табибон вобаста ба мушкилиҳо, қонунгузорӣ ва дигар паҳлуҳои фаъолияташон суолҳо дода аз тарафи мутахассисон ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here