Имрӯз, 18 март, аз тарафи духтурону мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID–19) дар миёни аҳолии шаҳри Бохтар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки хушбахтона, то кунун сирояти коронавирус дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале новобаста ба ин, чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирии вуруди сирояти мазкур ба мамлакати мо бояд пурзӯр карда шаванд. Махсусан, шаҳрвандон бояд қоидаҳои санитарию гигиениро риоя намоянд, аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ худдорӣ варзанд, ғизои солимро тановул намуда, бештар ба варзиши бадан машғул бошанд.

Инчунин, имрӯз аз тарафи мутахассисон овезаҳои иттилоотӣ ва наворҳо оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ миёни мардум паҳн карда шуд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон