Имрӯз, 2 январ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари кории худ ба шаҳри Левакант ҳамчунин аз хоҷагии ниҳолпарварии “Абдукарим” дидан намуд.

Майдони умумии хоҷагии мазкур 2,04 гектар буда, дар он ҳамагӣ 58 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш карда мешаванд. Роҳбари хоҷагии мазкур Хуҷамурод Шомуродов ба раиси вилоят маълумот дод, ки дар ин мавзеъ аз ҷумла 10 ҳазор бех гелос, 15 ҳазор бех олу, 8 ҳазор бех нок, 5 ҳазор бех чормағз, 12 ҳазор бех шафтолу ва 30 ҳазор бех арчаи ҳамешасабз парвариш карда мешавад.

Дар назди хоҷагии ниҳолпарварии “Абдукарим” инчунин як адад гармхонаи лимӯпарварӣ ва як адад гармхонаи гулпарварӣ амал мекунад, ки дар он 30 ҳазор бех гули садбарг, 20 ҳазор бех гули карамшакл ва як ҳазор бех палма парвариш мегардад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба роҳбарону кормандони хоҷагии ниҳолпарварии “Абдукарим” зикр намуданд, ки масъулони умури ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант метавонанд гулу гулбуттаҳо ва ниҳолонро аз хоҷагии мазкур дастрас намоянд.

Тавре раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода иттилоъ дод, айни ҳол дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии шаҳр 200 гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуд аст, ки 60,7 гектари онро зардолу, 30 гектарашро олу, 24,5 гектарашро шафтолу, 21,9 гектарашро бодом, 18 гектарашро анор, 8 гектарашро хурмо, 7 гектарашро чормағз, 6 гектарашро себу 4,4 гектарашро анҷир ташкил медиҳад.

То имрӯз аз майдони 200 гектар боғҳои мевадиҳанда тибқи дурнамо 342 тонна (100,3%) мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба соли гузашта 109 тонна афзун мебошад.

Қайд гардид, ки соли ҷорӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ аз тарафи хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант ба миқдори 11 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва кабудизоркунии шаҳри Левакант дастур доданд, ки корҳои ободониро дар шаҳр вусъат бахшида, ба масъалаи шинонидани гулҳо, хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, коркарди боғҳо, яхобмонӣ, барқароркунии боғҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here