Табрикоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода
бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.
Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт, ки имрӯзҳо аз оғози ин гардиши таърихиву тақдирсоз 27 сол гузашт. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ — сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчам ва дертар Нишон низ қабул карда шуданд, ки чанд рӯз қабл мо 27-солагии ин Иҷлосияи тақдирсозро таҷлил намуда, аз он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ бо ифтихору фараҳмандӣ ёдоварӣ намудем.
Пас, имрӯз парчами давлатии мо парчаме, ки ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст, 27-сола шуд. Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷамъомади танатанавӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд қайд намуда, таъкид доштанд: «Ба шарофати рӯҳи матин, нангу номуси ватандорӣ ва ҷонибдории кулли мардуми Тоҷикистон мо тавонистем ба яъсу ноумедӣ хотима бахшида, иродаву иқдомоти сулҳофарии халқамонро ба самти созанда равона созем ва раванди бебозгашти сулҳу оштӣ ва оромиву суботро дар кишвар таъмин намоем, ки ин ҳама хизмати бузургу бебаҳо ва қаҳрамононаи халқи тоҷик дар назди Ватан аст».
Парчами миллӣ, ки зодаи ақли солим ва тафаккури баланди даврони давлатсозӣ аст, имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: сурх — рамзи озодиву истиқлол, сафед — рамзи сулҳу оромӣ, сабз — рамзи ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. Хушбахтона, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷойгир гардидааст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳамеша, дар ҳама ҷо дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».
Ин таъкид аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсту миллатпарасти Тоҷикистон талаб менамояд, ки ба қадри сулҳу салоҳ оромию осудагӣ ва ваҳдате, ки дорем, расем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас донем, ҳифз намоем. Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.
Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, фардо он бузургтарин сабақе хоҳад буд, ҷиҳати пос доштани муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули сулҳу ваҳдат.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами миллиро ба мардуми сарбаланди вилояти Хатлон муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳар як хонадон хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини вилояту ҷумҳуриамон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Саломату сарбаланд бошед!