Ҳамасола дар сар то сари ватани азизамон Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҳазорҳо нафар аз ҷумла варзишгарон, ҷавонон, кормандони мақомотҳо, донишҷӯёну хонандагон ва дигар касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои идона бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ, бо барафрохтани парчам ба кӯча баромада ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ барпо гардониданд. Ҳамзамон ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатии шаҳри Бохтар чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Пеш аз оѓози чорабини дар назди Парчам раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода гулчамбар гузошта, суруди миллӣ садо дод. Сипас, раиси вилоят ба сухани табрики баромада, қайд намуд, ки имсол соли таърихист, зеро мо Рӯзи Парчами давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии вилояти Хатлонро дар ҳошияи сисолагии Иҷлосияи барои миллати мо сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунем.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори ин санаҳои муҳимми таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад, мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамо созад ва вилоятамон ба пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии беш аз пеш ноил гардад.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид. Яъне имрӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.
Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басо ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст. Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар як паҳлавони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо карданд.
Миллати тоҷик тӯли таърих миллати парчамдор буд. Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд.
Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.
Хусусан даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Хушбахтона, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имконият дод, ки тоҷикон чун мардуми соҳибтамаддун ва куҳанбунёд дар даврони нави таърихӣ, бо истифода аз озодиву истиқлолияти миллӣ муқаддасоти миллии худро ҷилову намои тоза бахшида, бо ифтихор болои сар бардоранд. Дар қатори муқаддасоти миллии тоҷикон дар даврони нави эҳё аз ҷониби мардум, шояд бештар аз ҳама, Парчами миллии ин халқи соҳибтамаддун муҷаллотару болотар парафшон гардид.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таъкид намуданд, қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.
Дар он Иҷлосияи тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рамзи садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буданд. Ин садоқати Пешвои миллат ба муқаддасоти миллӣ воқеан ҳам барои насли имрӯзу ояндаи кишвар дарси мардонагию меҳанпарастиро омӯхт.
Яке аз масъалаҳои дигари мубраме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд матраҳ гардида буд, таъсисёбии вилояти Хатлон дар заминаи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа буд.
Рӯзи 2 декабри соли 1992 қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо имзои раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид. Шӯрои Олӣ таклифи 116 вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор кард, ки аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон бо маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа, имрӯза Бохтар, ташкил карда шавад.
Имрӯз аз қабули он қарори таърихӣ низ 30 сол пур шуд ва боиси ифтихору фараҳмандист, ки вилояти Хатлон сарфи назар аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, таъсири манфии ин ҷанг ба иқтисодиёту вазъи иҷтимоии мардум, имрӯз ба яке аз вилоятҳои пешрафтаи ҷумҳуриамон табдил ёфтааст.
Хатлон, дар ҳақиқат, диёри родмардон ва марзи номусу нанг аст. Дар сарчашмаҳои арабӣ номи Хатлон дар шакли Хутал ва Хуталон зикр ёфта, маънои “макони паҳлавонон”-ро дорад. Дар сарчашмаҳои чинӣ “Ху-та-ло” омадааст, ки ин маънои “баҳодур”, “найзазан”-ро медиҳад. Дар сарчашмаҳои юнонӣ Хатлон “макони аспони тездав” ва “човандоз” аст. Дар асрҳои III-VI дар ин минтақа давлатдории Ҳайтолиён арзи вуҷуд дошт ва баъзе тадқиқотчиён номи “Хатлон”-ро шакли тағйирёфтаи Ҳайтал низ медонанд, ки маънои “зӯрмард”-ро дорад.
Ба ақидаи олими шинохтаи тоҷик А. Девонақулов, Хатлон аз калимаи Хатл баромада, мафҳуми “зиракӣ”-ро низ мефаҳмонад.
Умуман, дар маъхазҳову ақидаҳои таърихшиносону олимон истилоҳи Хатлон мухталиф маънидод карда мешавад, вале ҳамаи вожаҳои зикргардида як мафҳуми умумӣ дошта, аз таърихи бой ва куҳандиёр будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Гарчанде ки дар асри XV ва XVIII Хатлон ба чор вилояти бекнишин: Кӯлоб, Балҷувон, Саройкамар ва Қӯрғонтеппа қисмат шуда, номи Хатлон ба сифати як воҳиди маъмурӣ аз истифода берун шуда буд, вале ин ном ҳеҷ гоҳ нест нашуд ва дар бисёр адабиётҳои илмию бадеии то замони мо ҳифз шуда, бо водиҳои пурфайз, кӯҳҳои сабзу дарахтзори дорои гиёҳҳои шифобахш ва мардуми сарбаланду баномусаш зикр гардидааст.
Истиқлолияти давлатӣ барои дубора эҳё гардидани вилояти Хатлон замина гузошт. Дар зарфи 30 соли давлатсозӣ пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, вилояти Хатлон ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, садҳо корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, вилояти Хатлон на фақат аз рӯи аҳолӣ, балки бо захираҳои фаровони ашёи хом ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ калонтарин вилояти мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки вилояти мо дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо қадамҳои устувор роҳ ба сӯйи музаффарияту комёбиҳо пеш гирифтааст.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ҷумҳурӣ қариб ба 27 фоиз баробар аст. Аз ҷумла, бо дарназардошти мавҷудияти имконият ва захираҳои зиёди обу замин ва шароити мусоиди иқлим, соҳаи кишоварзии вилоят рушд дошта, дар миқёси ҷумҳурӣ ҳиссаи кишоварзони вилояти Хатлон дар маҷмӯи умумии кишоварзӣ 51%, дар истеҳсоли ғалладонагиҳо 63%, пахта 68%, сабзавот 59%, аз ҷумла пиёз 64%, полезиҳо 78%, меваҷот 45%, ангур 45%, гӯшт 57%, шир 51% ва моҳӣ 71 фоизро ташкил медиҳад.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, дар соли 2021-ум ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст. Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 12,8 сентнери соли 1991 ба 28,6 сентнер дар соли 2015 расонида шуд. Ин омил аз он шаҳодат медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи заминҳои корами обӣ ва ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва риояи дурусти парвариши агротехникии зироатҳои кишоварзӣ таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо маводи озуқа имконпазир мегардад.
Энергетика дар вилояти Хатлон яке аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 50 фоизро дарбар мегирад.
Дар вилояти Хатлон неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев, «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва силсиланеругоҳҳои барқи обии «Вахш», дар маҷмуъ бо иқтидори истеҳсолии солона 4730 МВт фаъолият доранд.
Дар даврони Истиқлолият бо бунёд ва ба истифода додани ду иншооти бузурги аср — неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва таҷдиду азнавсозии НБО-и «Норак», «Бойғозӣ» ва «Сарбанд» тавлиди неруи барқ зина ба зина зиёд гардида, 90 фоизи барқи ҷумҳурӣ дар неругоҳҳои ҳудуди вилояти Хатлон тавлид меёбад.
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон давоми солҳои 1991-2021 як қатор корҳои бузургу назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани Ёвон-Бохтар-Кӯлоб, нақбҳои “Озодӣ” ва “Хатлон”, роҳҳои аҳамияти байналмилалидоштаи Кӯлоб-Ш.Шоҳин-Дарвоз, Душанбе-Бохтар, пулҳо аз болои дарёи Панҷ, бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайраҳо дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мебошанд.
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳи автомобилгарди байналмилалии Қизилқалъа-Ҷарбуҷа-Гулбаҳор-Термез ва роҳи оҳани Бохтар-Термез, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмонда буд, дубора ба фаъолият оғоз кард, дар натиҷа, ҳаҷми бору мусофиркашонӣ якчанд маротиба афзун гашт.
Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми боркашонӣ дар соли 1991-ум 1,7 млн. тонна ва ҳаҷми мусофиркашонӣ 17,5 млн. мусофирро ташкил дода, дар натиҷаи дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, дар соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ ба 23,3 млн. тонна ва ҳаҷми мусофикашонӣ ба 101,3 млн. мусофир баробар гардид, ки мутаносибан нисбат ба соли 1991-ум ҳаҷми боркашонӣ 10,3 маротиба ва мусофиркашонӣ 4,3 маротиба зиёд мебошад.
Чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилоятамон бунёди беш аз 6 ҳазор иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию таббӣ, фарҳангию варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Мо хуб медонем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон беш аз 8200 иншооти таъиноташ гуногун бунёд ёфт, ки боиси боз ҳам рушду пешрафт ва ободу шукуфон гардидани ҳар як гӯшаву канори ватани азизамон гардид.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, баҳри амалишавии дастурҳои Сарвари давлат камари ҳиммат бастаанд.
Дар вусъати корҳои ободонию созандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус ноҳияҳои дурдаст, ки дар даврони Шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони гурӯҳҳои кории 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони эҳсонкор шоистаи таҳсину дастгирист.
Аминам, ки бо талошу заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми ватандӯсту сулҳпарвари худ ба ҳамаи мақсадҳои некамон мерасем. Тавре ки Роҳбари давлат таъкид медоранд, тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ ва шарафи миллатро ҳифз намояд, анъанаҳои неки башардӯстонаи аҷдодонро идома диҳад. Ва ҳамагон фахр мекунем, ки мардуми тоҷикро оинаи таърих ҳамеша бо хислатҳои нек, фазлу дурандешӣ, хайрхоҳӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат нишон додааст.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср, садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми вилояти Хатлон аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, худи имсол дар низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки воқеан ҳам ифтихори миллӣ ва ифодакунандаи соҳибистиқлолию озодӣ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдом дар самти бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Ҷилваи Парчам дар ҳар гӯшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.
Бинобар ин, тамоми мардуми сарбаланду бовиқори вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон 30-солагии таъсисёбии вилояти Хатлон бори дигар шодбош гуфта, бароятон рӯзгори пурфайз, хуррамиву осоиштагӣ, бахту саодат, саломатии бардавом ва ба Тоҷикистони азиз шукуфоию пешрафт ва парафшонии Парчами давлатиро таманно дорам.
Дар охир чорабини бо барномаи фарҳангии идона бо сурудҳои навине, ки парчами азизамон замзама шудаанд, ҳусни анҷом ёфт.