Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Панҷ дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 иншоот бо маблағи 20,5 миллион сомонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Тавре ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷ З. Шоҳиён иттилоъ дод, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаҳои Шакардашт, Гулистон ва Чашмасори Ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат” аз тарафи соҳибкорон ва мардуми маҳал ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ 3 км роҳ, дар деҳаҳои Селта, Пахтакор ва Чаманистони Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо маблағи 267 ҳазор сомонӣ 7,7 км роҳ, дар деҳаҳои Шахмат, Ҳасан Шеров, Сармантой ва Турдишайхи Ҷамоати деҳоти “Озодагон” ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ 3 км роҳ сангфарш, дар деҳаи Сармантойи ҳамин ҷамоат ба масофаи 1,2 км роҳ, дар деҳаи Ҷамъияти Ҷамоати деҳоти “Меҳровар” бо сарфи 400 ҳазор сомонӣ 1,5 км роҳ мумфарш карда шуд.
Дар деҳаи “16-солагии Истиқлолият”-и ин ҷамоат бо маблағи 179 ҳазор сомонӣ сехи макаронбарорӣ бунёд шудааст. Инчунин аз ҷониби як нафар соҳибкорзан дар мавзеи Сомонии Ҷамоати деҳоти “Намуна” бо харҷи 280 ҳазор сомонӣ сехи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раванди корҳои ободонию созандагӣ ва амалҳои хайру савоб дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ имрӯз низ бомаром идома доранд.