Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар асоси мактуби муроҷиатии Беморхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон, ки дар ноҳияи Кӯшониён ҷойгираст 50 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст ба таври сӯзонидан, несту нобуд карда шуд.
Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсати номбурда хабар доданд, Беморхонаи муштараки Тоҷикистон Ҳиндустон, ки аслан ба хизматчиёни қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон ва аҳолии навоҳии гирду атрофи беморхона хизмат мерасонад, маводҳои дорувории муҳлати истифодаашонро ҷамъоварӣ намуда, сипас барои безарар гардонидан ба Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят муроҷиат мекунад. Баъдан маводҳои доруворӣ ва молҳои тибии муҳлати истифодаашон гузашта дар ҳузури коммисияи махсус ба таври сӯзонидан несту нобуд карда шуд.
Бояд гуфт, ки хизматрасонии тиббӣ ва таъмини маводи доруворӣ дар ин беморхона ройгонаст.
Ба гуфти ин манбаъ дар маҷмуъ дар шаш моҳи сипари гашта Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят наздики ҳафт тонна маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификат ва қалбакиро ба таври сӯзонидан, несту нобуд кардааст.